Ошиқу ёри хеш хуш бошад
Дилу дилдори хеш хуш бошад
Зоҳиду зуҳду ринд ва мехорӣ
Ҳар касу кори хеш хуш бошад
Булбули масту ошиқи шайдо
Худу гулзори хеш хуш бошад
Бори ишқаш ниҳодаам бар дил
Май кашами бори хеш хуш бошад
Ошиқона ба дардии дардаш
Карда тимори хеш хуш бошад
Ъшқбозӣаст кори дили доим
Дил ба кирдори хеш хуш бошад
Неъмати аллоҳи хуш буд бо ман
Ёр бо ёри хеш хуш бошад