Чашми мо айни мо ба мо бинад
Ҳам ба нури худо , худо бинад
Дидаи мо надида ғайриӣ ро
Ғайр чун нест ӯ киро бинад
Ҳар ки худбин буд набинад ӯ
Зонка худбини ҳама хато бинад
Ҳар ки бо мо нишаст дар дарё
Айни мо ошноӣ мо бинад
Орифии кӯи ҷамол ӯро дид
Дида бошад ба ӯ чу во бинад
Дардмандӣ ки дард май нӯшад
Ҳам аз он дарди дил даво бинад
Ба хароботи риндӣ ар ояд
Сайиди масти ду саро бинад