Дидаи мо чу рӯй ӯ бинад
Ҳар чаҳ бинад ҳама накӯ бинад
Чашми аҳли назар чу равшан аз ӯст
Айн ӯро ба айн ӯ бинад
Риштаи як туаст назд бинанда
Дидаи ғайр агар ду ту бинад
Оинаи ошиқӣ ки ме нигарад
Худу маъшӯқ рӯбарӯ бинад
Неъмати аллоҳ якеаст дар олам
Кӣ чу аҳвали яке ба ду бинад