Дилӣ ки дард надорад даво куҷо ёбад

Балои ишқи надидаи шифо куҷо ёбад

Касе ки ҳамдами ҷом шароб нест мудом

Ҳузури соқии сармасти мо куҷо ёбад

Ҳарифи мо нашудаи завқи мо куҷо донад

Нахурда соғари дардии сафо куҷо ёбад

Худоӣ худ нашносад касе ки худ нашнохт

зи худ чу бехабараст ӯ худо куҷо ёбад

Сарири салтанати ишқи подшоҳони рост

Чунон мақоми баландии гадо куҷо ёбад

Дар ин тариқи фақирӣ ки май наад қадамӣ

Фанои худ чу наҷуед бақо куҷо ёбад

Ба нури ишқ тавон ёфт неъмати аллоҳ ро

Касе ки ишқ надорад варо куҷо ёбад