Соз ишқаш навой дил созад

Дарди дардаши давоӣ дил созад

Лутфи созандаи байн ки бар созиш

Ҳар чаҳ созад барои дил созад

Ба худои кори дил раҳо кардем

Кори дили ҳам худоӣ дил созад

Оташи ишқи ҷони моро сӯхт

Сӯхтагонро ҳавоӣ дил созад

Дил мақомӣ хушаст аз он дилдор

Ҷои худ дар сарой дил созад

Дили соҳибдилӣ ба даст овар

То туро ошноӣ дил созад

Неъмати аллоҳ май навозади соз

Бишинав каз навой дил созад