Бастаи банди балои ту наҷотӣ дорад
Хастаи ранҷи ғами ту дараҷотӣ дорад
Ҳар ки шуд мурдаи дард ту намирад ҳаргиз
Куштаи ишқи ту ҷовид ҳаётӣ дорад
Тоқи абрӯии ту миҳроби дили мост аз он
Рӯзу шаби хотири мо майл слотӣ дорад
Куфри зулфи ту ки имони рахт май пӯшад
Сиӣотӣаст хаёл ҳснотӣ дорад
Гар қадам ранҷа кунӣ бар сари обии борӣ
Дар назари дидаи мо об Фуротӣ дорад
Ба ҷафо аз сари кӯии ту дил аз ҷо наравад
Офарин бар қадам ӯ ки саботӣ дорад
Неъмати аллоҳ ки султон ҷаҳон ишқаст
Чун гадоёни зи ту умед закотӣ дорад