Маҳбӯби дилу роҳати ҷонӣ чаҳ тавон кард

Султони ҳамаи халқи ҷаҳонӣ чаҳ тавон кард

Аз содаи дилӣ оина бинмуд ҷамолат

Дар оина бар худ нигаронӣ чаҳ тавон кард

Ту Подшаҳи моӣӣ ва мо бандаи фармон

Гар зонка бихонӣ ва бароне чаҳ тавон кард

Мо ишқ ту дорем ва туро майл ба мо нест

Моӣими чунин ва ту чунонӣ чаҳ тавон кард

Умрӣаст ки моро ба ғами ишқи нишондӣ

Гар боқӣ умрам бинишонӣ чаҳ тавон кард

Мо нақши хаёл ту кашидем бидидем

Гар зонка ту ин нома нахонӣ чаҳ тавон кард

Пинҳон шудан аз дида Сайид натавонӣ

Чун нур ба ҳар дидаи аёнӣ чаҳ тавон кард