Он лаҳза ки ҷон дар ттқи ғайби ниҳон буд
Дар дидаи мо нақши хаёли ту аён буд
Будем нишон карда ишқи ту дар он ҳол
Ҳар чанд дар он ҳол на ном ва на нишон буд
Ишқи ту хаёлӣаст ки мо зинда аз онем
Бе ишқи ту дили зинда замонӣ натавон буд
Мо нақши хаёли ту на имрӯз нигорем
Каз рӯзи азали ҷон ба хаёлати нигарон буд
Гуфтӣ ки дар ойина ба ҷуз мо натавон дид
Чандон ки намӯдӣ ва бидидем ҳамон буд
Хуш об ҳаётаст равон аз нафаси мо
То ҳаст чунин бошад ва то буд чунон буд
Сайиди қадаҳии бода ба ман дод бихӯрадам
Оре чаҳ кунам маслиҳати банда дар он буд