Як дам бе май наме тавон буд

Бе май худ ҳӣ наме тавон буд

Бе ишқи дамӣ наметавон зист

Бесоғар май наме тавон буд

Мо сояу ишқи ёри хуршед

Бе бӯдани вай наме тавон буд

Бе ҷоми шаробу ишқи Лайлӣ

Маҷнӯн дар ҳӣ наме тавон буд

Мастему харобу лоуболӣ

Бе нолаи не наме тавон буд

То кӣ ғами ин ва он тавон хӯрд

Дар монда кӣ наме тавон буд

Бе буд вуҷӯди неъмати аллоҳ

Валлоҳ ки шайъ наме тавон буд