Нақш ғайриӣ маҳол хоҳад буд

Чаҳ маҳол ва хаёл хоҳад буд

Ғайр ӯ чун завол ме ёбад

Набӯд чун завол хоҳад буд

ӯ ҷамиласт ва ӯ муҳиби ҷамол

То ҷамил ва ҷамол хоҳад буд

Моҳи равшани зи офтоб буд

Гарчи бади рӯ ҳилол хоҳад буд

Молики лами изл худованд аст

Малик ӯ лоязол хоҳад буд

Ғайр ӯ дар хаёл агар ояд

Он хаёл маҳол хоҳад буд

Ҳамаи олам чу неъмат аллоҳ аст

Олимӣ бар камол хоҳад буд