Гар яке дар ҳазор хоҳад буд
Ки марои ёр ғор хоҳад буд
Баҳру мавҷу ҳубоб ва ҷӯ обанд
Чори ночор чор хоҳад буд
Май мо нӯш кун ки навишт бод
Ки май бехумор хоҳад буд
Гоҳ ишқаст ишқ бозӣ кун
Ки туро он ба кор хоҳад буд
Ақл агар манъ мо кунад аз ишқ
То абад шармсор хоҳад буд
Ҳар ки гирад миён ӯ ба канор
Бемиён ва канор хоҳад буд
Дар қиёмат чу чашм бигушоем
Назарам бар нигор хоҳад буд
Ҳар ки ӯ дӯстдор мо бошад
Ҳам варо дӯстдор хоҳад буд
Сайидӣ чун з бандагӣ ёбанд
Сайидами банда вор хоҳад буд