Хоҷаи онҷо фақир хоҳад буд
Бандаи онҷо амир хоҳад буд
Подшоҳ ҳақиқатаст инсон
Ақли онҷо вазир хоҳад буд
Дар чунин қария эй ки моҳон аст
Нафаси онҷо гзир хоҳад буд
Ҳеҷ доне ки ин фиғон з куҷост
Бонги хоҷа ба шер хоҳад буд
Ҳар ки худро азим ме гирад
Пеши мардон ҳақир хоҳад буд
Вонкаҳи ӣнҷои сағиру хор буд
Дар қиёмат кабӣр хоҳад буд
Сайиди мо ба нури ҳазрат ӯ
Ҳамчуи бадар мунир хоҳад буд