Куфри сари зулфи бут айёр бибинед
Тарсои миёни баста ба зуннор бибинад
Дар пардаи исмати зи назар гарчи ниҳон буд
Пайдо шудааш бар сар бозор бибинед
Бар дидаи мо гар биншинед замонӣ
Як лаъибат ва сад ҷома ба якбор бибинед
Ҷомӣ ба каф оред дар ӯ рӯи бнмоӣид
То соқӣу ринд ва мехумор бибинед
Баҳрему ҳубоб ва мева ҷомем ва дар ин давр
Дар сӯрати мо маънӣ ҳар чор бибинед
Олами ҳамаи ойина ёраст аз он рӯй
Равшан бинмоед ба шумо ёр бибинед
Аз гуфта Сайиди ғазалӣ нағз нависед
Сари дафтари маҷмӯъа асрор бибинед