Ҳар ки бар хоки роҳ ӯ афтод

Бад магӯяш ки ӯ накӯ афтод

Ба ҳавойӣ ки хок роҳ афтод

Ринди сармасти кӯ ба кӯ афтод

Бути ман пардаро зи рӯи бардошт

Бандаи саҷда кунон бирав афтод

Ишқи мастона дар хурӯш омад

Ақли мискин ба гуфтугӯ афтод

Офтоби ҷамол рӯ бинмуд

Ма ҳилолӣ шуд ва ду ту афтод

Ҳар ки чун мо фитод дар дарё

Ғарқа гардиду сӯ ба сӯ афтод

Неъмат аллоҳ фитод масту хароб

Назарӣ кун бибин ки чу афтод