Дардӣаст дар ин дил ки ба дармон натавон дод

Ишқӣаст дар ин ҷон ки ба сад ҷон натавон дод

Ҷом май мо об ҳаётаст дар ин давр

Ин об ҳаётаст ба ҳайвон натавон дод

Мастона дар ин кӯй харобот фитодем

Ин гӯша ба сад равза ризвон натавон дод

Ганҷӣаст дар ин махзани асрори дили мо

Душвор ба дасти омада осон натавон дод

Мо дил ба сари зулф длором супурдем

Ҳар чанд дили худ ба парешон натавон дод

Аз ақли сухан бо ман сармасти мгўӣид

Дарди сари махмур ба мисатон натавон дод

Сайид дар майхона кушодаст дигар бор

Худ хуштар азин мужда ба риндон натавон дод