Тарки сармастам дигар бораи кулоҳи каҷи ниҳод

Малик дил бигирифту хону мони ҳама бар бод дод

Пеш султон дод битавон хостан аз дигарон

Чун ки зу бедод бошад аз ки хоҳам хост дод

Ақли саргардони з по афтоду ишқаш дар рабӯд

Ҳамчуи махмурӣ ба дасти тарк сармастӣ фитод

Дар чамани сарви сеӣ то дид он болой ӯ

Сар ба пой ӯ фиканду пеш ӯ бар постод

Хуш дар майхонаро бар рӯй мо бигушода анд

Баси гушоишҳо ки моро рӯ намӯда зини кушод

Дар хароботи Муғони риндӣ ки номи мо шунӯд

Сархушонаи пои кӯбони рӯ ба сӯии мо ниҳод

Гар касе гуяд ки Сайид тавба кард аз ошиқӣ

Ҳоши ллаҳ ин нахоҳам кард ва ин ҳаргиз мабод