Умри мо рафта буд боз омад

Кор бе сози мо ба соз омад

Ҷон ҳиҷрон кашида дилхуш шуд

Муждаи васли дил навоз омад

Ҳар ки абрӯии ёри моро дид

Ёфт миҳроб ва дар намоз омад

Ишқи сармасти малик дил бигирифт

Лашгар ӯ ба трктоз омад

Шодмонему оқибати Маҳмӯд

Ғам надорем чун Аёз омад

Дил ба дилбар супурдаем дигар

Хотир аз ҳар чаҳ буд боз омад

Ноз оғоз кард бози он ёр

Неъмати аллоҳ дар ниёз омад