Хуши моҳ тамомӣаст ки аз ғайби баромад

Хуршед ниҳон гашта ба шакл дигар омад

ӯ умр азизӣаст ки омад ба сари мо

Хуш умр азизӣаст ки моро ба сар омад

Мо бар дар ҳар хона ки рафтем гушӯданд

Маҳбӯбӣ аз он хонаи хиромон ба дар омад

Мастем ва надорем хабар аз ҳамаи олам

Ёрӣ ки аз ӯ ёфт хабар бехабар омад

Биллоҳ ки надидем ба ҷузи нури ҷамолаш

Ҳар нақши хаёлӣ ки маро дар назар омад

Бо ақл ҳаме будаму хуш буд ду рӯзӣ

Ишқ омад ва аз суҳбат ӯ хубтар омад

Ҳар банда ки омад ба саропардаи Сайид

Шуд шоҳи ҷаҳону ҳамаи ҷо муътабар омад