Давлати васли ту ба мо кӣ расад
Мансаби шоҳӣ ба гадо кӣ расад
То нахурд дардии дардат ба завқ
Сӯфии софӣ ба сафо кӣ расад
Ҳар ки ба худ роҳ худо ме равад
Бо худии худ ба худо кӣ расад
Роҳи биёбони фано чун нарафт
Дар ҳарами дори бақо кӣ расад
Ҷом ҳубобем пари оби ҳаёт
Ҷузи лаби мо бар лаби мо кӣ расад
Сокини майхона чу хуш эминаст
Хона амнӣаст бало кӣ расад
Сайиди мо ҳоким ва мо банда ем
Ҳар чаҳ кунад чун ва чаро кӣ расад