Ба чашми мо ҷаҳонӣ метавон дид
Дар ин ойинаи онӣ метавон дид
Дили зиндаи дилон чун зинда аз ӯст
Бибин дар дил ки ҷонӣ метавон дид
Хушӣ дар чашми масти мо назар кун
Ки нур ӯ равонӣ метавон дид
Агар бинии ту ринди бодаи нӯшӣ
Дамӣ бингар замонӣ метавон дид
Дили ман сӯхтааст аз оташи ишқ
Аз он доғаши нишоне метавон дид
Биё бар чашм мо биншин замонӣ
Ки баҳри бекаронӣ метавон дид
Бигир ин ҷом май аз неъмати аллоҳ
Ки аз нураши фулонӣ метавон дид