Гирди майхонаи дил ба ҷон гардид
Ҳамчуи риндон ба ҷон равон гардид
Гарчи махмур буд мастӣ шуд
Ин чунин буд он чунон гардид
Гирди кунҷи хароби гашти басӣ
Ганҷи пинҳон бар ӯ аён гардид
То нишонеи з бенишон ёбад
Номро монад ва бенишон гардид
Лутфи маъшӯқи мо карам фармуд
Мӯниси ҷон ошиқон гардид
Қисми илми бадеъро хондем
Он маъонӣ ба мо аён гардид
Дар мақомӣ ки неъмат аллоҳ аст
Гирди он дар куҷо тавон гардид