Ҷону ҷонон ҳар ду боҳам сархушанд

Ҳамдаманд ва ҳар ду ҳамдам сархушанд

Ҳар касе ном ва нишоне ёфта

Орифон бо исм аъзам сархушанд

Зоҳидӣ ва оқилон дидам басӣ

Хуши азизон ва вале кам сархушанд

Дар хароботи Муғони риндони мо

Бода менӯшанд вебӣ ғам сархушанд

Дигарон гар сархушанд аз ҷоми ҷам

Ошиқони маст бо ҷам сархушанд

Гар касе гуяд чаҳ бошад сархушӣ

Хуш бигӯ валлоҳ ва аълам сархушанд

Аз май хмхонаҳи Сайиди мудом

Ҳамчуи мо маҷмӯ олам сархушанд