Ҳама дар баҳр бекарон ғарқанд
Чун ҳубобанд ин ва он ғарқанд
Ғарқ обанду об май ҷӯянд
Аз азал то абад чунон ғарқанд
Тани мо чун ҳубоб ва ҷон мавҷаст
Ишқ баҳраст ва ошиқон ғарқанд
Киштии мо куҷо расад ба канор
Нохдоён дар ин миён ғарқанд
Баҳр дар ҷӯшу бода дар кор аст
Бар чаҳ бошад ки баҳрён ғарқанд
Ҳафт дарёи дарин муҳӣти вуҷӯд
Дидаем ва якон якон ғарқанд
Ринди дарёи длисти Сайиди мо
Сайиду банда ҷовдон ғарқанд