Онҳо ки муқаррабон шоҳанд

Беруни зи сифедӣ ва сиёҳанд

Ташриф сифот карда дар бар

Ворастааи зи ҷбаҳ ва кулоҳанд

Бар тахти қадам шаҳ қадиманд

Дар малик ҳудус подшоҳанд

Бисёр бало кашида аммо

Бигузашта зло ва ло илоҳанд

Бар тораки меҳр чарх тоҷанд

Бар фарқи сипеҳр ишқ моҳанд

Маъсӯму муҷаррад ва салиманд

Осӯдаи зи тоъат ва гуноҳанд

Монанди ба зоти неъмати аллоҳ

Не афзойанд ва не бакоҳанд