Куштагон аз дам ӯ зинда шуданд

Ҳамчуи мо зинда поянда шуданд

зи офтоби назари равшан ӯ

Моҳи рӯйони ҳама тобанда шуданд

Бандаро банда ӯ ме хонанд

Зон ҳамаи бандаи ин банда шуданд

Ба ҳавои лаб ӯ ғунчаи гул

Лаби кушодаи ҳама дар ханда шуданд

Бе хабари ғайбат мо ме карданд

Омаданд мунсиф шарманда шуданд

Кӯри чашмон ки надиданд ӯ ро

Аз назари ронда ва афканда шуданд

Аз дами Сайиди исои дами мо

Тарку тоҷики басӣ зинда шуданд