Оташи ишқи ҳамон дам ки бар афрӯхта анд
Авлои авди дили сӯхтагон сӯхта анд
Халъат шоҳӣ ишқаст ба ҳар кас ндиҳанд
Ин қбоӣист ки бар қомати мо дӯхта анд
Толиб ар май талабади илми ладуннӣ аз мо
Илм завқаст ки моро бахуд омӯхта анд
Шодии аҳли дилон аз ғам ишқаст мудом
Ҳосил умр азизасту хуш андӯхта анд
Бар сари чори сӯии ишқи қумоши Сайид
Ба матоъии бхриднд ки нафурӯхта анд