Мудоми ҳамдами ҷом шароб бошад ринд

Ҳамеша ошиқу маст вхроб бошад ринд

Ҳиҷоби зоҳиди бечораи аҷаб тоъат ӯст

Вале ба мазҳаби мо беҳисоб бошад ринд

Чу ринди ҷом май беҳисоб май нӯшад

Ба назд ақли куҷо беҳисоб бошад ринд

Лабаш бар оби ҳаёту ниҳода бар лаби мо

Магар чу ҷоми ҳубоби пар об бошад ринд

Ба ҳар тариқ ки ёбад рафиқ роҳ равад

Намонда сари об ва сароб бошад ринд

Ба ҳеҷ чиз набошад муқайяди он мутлақ

Куҷои муқайяди илм ва китоб бошад ринд

Тариқи риндии Сайиди зи неъмати аллоҳи ҷӯ

Ки бехато равад ва дар савоб бошад ринд