Ишқи ҷон ошиқонаст эй писар
Ишқи ҷонон , ҷон ҷонаст эй писар
Чашми олам равшанаст аз нур ӯ
Гарчи аз мардум ниҳонаст эй писар
Мо нишон дар бенишоне ёфтем
Ин нишон бенишонаст эй писар
Ҳар ки бинии доман ӯро бигир
Ҳазрат ӯ ҷӯ ки онаст эй писар
Бар дар майхонаи маст афтода ем
Ҷои мо кӯй Муғонаст эй писар
ӯ яке ва оина дорад ҳазор
Дар ҳама бар мо аёнаст эй писар
Неъмати аллоҳ дар дарёӣ дил аст
Дар сухан гўҳрФшонаст эй писар