Биё бо Юсуфи канъон ба сар бар

Чу мо бо ӯ дар ин зиндон ба сар бар

Ба дилбар дил сипору ҷон ба ҷонон

Хушӣ дар хизмати ҷонон ба сар бар

Чаҳ гардии гирди ағёрони шабу рӯз

Ба ҷузи ёрон ва бо ёрон ба сар бар

Баробари дор то сардори гардӣ

Ба сардорӣ ба сардорон ба сар бар

Ба сӯии мо биёу обу ҷӯ

Дарин дарёӣ бепоён ба сар бар

Дамӣ бо зоҳид махмур биншин

Биё бо мейри сармастон ба сар бар

Хароботасту соқии неъмати аллоҳ

Таваҳҳум бо Сайиди риндон ба сар бар