Биё аз буд ва аз нобӯда бигузар

Аз ин дардисар беҳуда бигузар

зи ғайрати ғайр ӯ аз дил ба дар кун

зи ғайраш чун ман фарсӯда бигузар

Василагар туро ақл аст бигузар

зи мақсӯдӣ ва аз мақсӯда бигузар

Аз ин дунёӣ беҳосил чаҳ ҳосил

Машав олӯда ва осӯда бигузар

Агар дории ҳавои ганҷи шоҳӣ

зи пӯли қалби сим андӯда бигузар

Бади андешӣ агар гуяд туро бад

Ту некӣ кун сухан ншнўдаҳ бигузар

Ҳарифи Сайиди сармаст мо бош

зи фармони худ ва фармӯда бигузар