Бираву дилбарӣ ба даст овар
Ба сӯии ошиқони маст овар
Базм ишқаст ошиқона бирав
Соғарӣ аз май аласт овар
Ошиқу масту ринд ва ӯ бошем
Шоҳиди маст май параст овар
Мурғи доми фано чаҳ хоҳӣ кард
Шоҳбози бақо ба даст овар
Неъмати халқро ба ҷо бигзор
Неъмати аллоҳро ба даст овар