Шоҳони ҳамаи ҳайрони ҷамоли ту гадо низ

Доранд ҳамаи ишқи худованди худо низ

Аз нури рахти дида мо гашта мунаввар

Мардуми ҳамаи бенанди дарин дидаи шумо низ

ё раб гуҳ биёбанд зи васли ту Муродӣ

Маҷмӯи муҳибони ҷаноби ту ва мо низ

Мо рӯ ба ту дорем чу ойинаи равшан

Бе рӯй ту моро набӯд рӯйу риё низ

Ишқ ту ҳаётӣаст ки мо зинда аз онем

Бе ишқи ту ҳосили зи фаноу зи бақо низ

Мо нақши хаёл ту нигорем ба дида

Байнем дар он нақши хаёли ту лақо низ

Гар Сайиди мо ҷони талабад аз сари ихлос

Ҷонро бисипорему бгўӣими дуо низ