Ҷоми хушии зи дардии дардаш чу мо бипурс

Монанди дардманди зи дардаш даво бипурс

Нақш бало магӯ ту ки ороми ҷони мост

Лутфӣ кун аз карам чу бибинӣ з мо бипурс

Мо бандаему ҳазрат ӯ подшоҳи мост

Бо Подшаҳ бигӯ ки зи ҳол гадо бипурс

Аз ақл бехабар , хабари ишқ ӯ мҷу

Сиррӣаст ишқ ӯ зи дили мо биё бипурс

Бигузар хушӣ ба кӯии хароботи ошиқон

Аз ринди масти лиззати завқ маро бипурс

Мо муҳаррамем дар ҳарами кибриёӣ ӯ

Асрор ӯ зи муҳаррами он кибриё бипурс

Аз мо мапурс қиссаи дунёу охират

Аммо зи Сайидами хабарӣ аз худо бипурс