Дар айни мо назар кун ҷоми пар об дарёб
Ҷоми шароби бустони об ва ҳубоб дарёб
Ҳар заррае ки бинии ҷоми ҷаҳони нмоӣист
Дар талъат чу моҳаши ту офтоб дарёб
ӯ беҳиҷоб бо ту , ту дар ҳиҷоб аз вай
Хуши хуш ҳиҷоб бурдор он беҳиҷоб дарёб
Чун булбулон сармаст бигузар сӯии гулистон
Чун орифони комил аз гул гулоб дарёб
Бо мо дро ба дарёи моро ба айни мо ҷӯ
Мавҷу ҳубобу қатра май байн ва об дарёб
Дар гӯшаи харобот риндӣаст лоуболӣ
Бо ошиқон нишаста маст ва хароб дарёб
Нури ҷамоли Сайиди бедор агар надидӣ
Нақши хаёли рӯйиши борӣ ба хоб дарёб