Ғулғулаи ошиқони маҷлиси кӯии ғамаш

Силсилаи аҳли дили ҳалқаи мӯии ғамаш

Дар хами чавгони ғами дил шудаи ғалатон ба сар

Шодии он сар ки ӯ гардаду кӯии ғамаш

Ин дили мискини ман хуррам ва дилшод шуд

То ба машомам расед шамаи буии ғамаш

Маст меғам шудам шодии мисатони ғам

Майл надорам ба ҳеҷ ҷуз ки ба сӯии ғамаш

Гуфт ману гӯй ӯ роҳати қалби ҳазин

Ҷусти дилу ҷӯии ҷон дидан рӯй ғамаш

Бесар ва бе пои манам ҳамдами риндони ғам

Сархушам ва май рӯм бар сари кӯии ғамаш

Дарди ғаму дард ӯ омадаи дармони мо

Сайид мо шуд ба ҷони бандаи хуии ғамаш