Гуяд сухани он нозанини нимӣ шукри нимӣ намак

Резади зи лаъли шаккарини нимӣ шукри нимӣ намак

Бо он даҳони танг ӯ ангуштарӣ нисбат макун

Хотам куҷо дорад нигини нимӣ шукри нимӣ намак

Дорад таманнои лабати ҷони ману дил низ ҳам

Зон шуд ба чашми он ва ин нимӣ шукри нимӣ намак

Меҳмонами он кони намак чун дид узрам хост гуфт

Сдхўони кашами пешати азин нимӣ шукри нимӣ намак

Сайид агар гуяд сухан дар Миср ва Ҳиндӯстон кунанд

Бар табъ ӯ сад офарини нимӣ шукри нимӣ намак