эй даҳанати ваҳми миёнати хаёл

Кори дил аз ҳар ду хаёли маҳол

Лаб ба лабам на ки ба ҷон ташна ам

эй лаби ту чашмаи оби зулол

Мусҳаф рӯй ту чу Юсуф бидид

Хонд з бар ояти ҳасану ҷамол

Оина бо рӯй ту як рӯ шуда

Нур ту бинмуда дар ӯ ин мисол

Партав рӯй ту чу бар ма фитод

Чун хами абрӯии ту ма шуд ҳилол

Дар ҳама аҳвол бибин равшан аст

Аз ?назарети дидаи аҳли камол

Сайиди мо буд пас аз қарн чанд

Боз шунидаст ки шуд масти ҳол