Дил сафа сафост ва мо суфиёни дил
Дил хилват худост ва мо сокинони дил
Ёраст дар миён ва манам дар канори ҷон
Ёраст дар канор ва манам дар миёни дил
Ҳар каси маъонии дилу ҷон кӣ баён кунад
Аз ҷони мо шинав ба ҳақиқати баёни дил
Аз аҳли дили нишони дилами ҷӯ ки дар ҷаҳон
Ҷзоҳли дил касе нашносад нишони дил
Ақласт дар вилояти тани корсози ҷон
Ишқаст дар мамолики ҷони посбони дил
эй ҷони биёу бодаи софӣ мо бануш
Аз дасти соқӣӣ ки буд хос аз он дил
Сайид чу булбулӣаст ки дар бӯстони ишқ
намесозад ин навой хуш аз бӯстони дил