Ёрам агар зи сараши ниқобии баста
Багушӯда ду зулфу хуши ҳиҷобии баста
Дар дидаи мо хаёл рӯй хубаш
Нқшист ки бар оризи обии баста
Ғайби мутлақи ҳазратӣ аз ҳазраташ
Олами аъён буд дар хизматаш
Ҳам шаҳодати ҳазратии дигар буд
Олам ӯ малики хуши пайкар буд
Ҳазратии дигар буд ғайри музоф
Дар миён ҳар ду ҳазрат бе хилоф
Ваҷҳи ғайби мутлақаши ҷабарути дон
Илми маъқӯлоти азин олам бихон
Бо шаҳодати ваҷҳ ӯ бошад мисол
Чор ҳазрат гуфта соҳиби камол
Ҳам мисоли мутлақашро гуфта анд
Орифон бисёр дарӣ суфта анд
Боз малакӯтаст ваҷҳеи дигараш
Бо мисоли равшани маи пайкараш
Ин мисолашро муқайяди номи гӯ
Олами малакӯтро ӣнҷо биҷӯ
Ҳазратии кӯи ҷомеъи ин ҳар чаҳор
Бошад ӯ инсони комили ёди дор
Чори ҳазрат дар яке ҳазрати нигар
То ба бинии панҷ ҳазрат эй писар
Ғайби мутлақро нигар дар айн ӯ
Ҳам шаҳодати байн дар он малики накӯ
Аз сафои нафас ӯ малакӯти байн
Вази мисоли мутлақаши ҷабарути байн
Маҷмаъи албҳрин агар ҷўӣӣ вай аст
Сўрто ҷомаст дар маънӣ май аст
Мазҳари аллоҳи қутб олам аст
Рӯҳу ҷисмаши асл ва фаръ одамаст
Бевуҷӯд ӯ надорад каси вуҷӯд
Зилл аллоҳасту султони шуҳуд
Олимиро нур мебахшад мудом
Аз атои исми аъзами вассалом