Мазҳари аъёни мо арвоҳи мо

Мазҳари арвоҳи мо ашбоҳи мо

Зилл аъёнанд арвоҳи ҳама

Зилл арвоҳанд ашбоҳи ҳама

Бози аъёни зилл асмоء ҳақанд

Бози асмоءи зилл зот мутлақанд

Зот ӯ дар исми пайдои омада

Исм дар аъёни ҳувайдои омада

Исму айну рӯҳу ҷисми ин ҳар чаҳор

Зилл як зотанд некӯи ёди дор

Ҷумлаи мавҷуданд аммо аз вуҷӯд

Бе вуҷӯди инҳо куҷо хоҳанд буд

ӯ ба худ қоими ҳамаи қоим ба ӯ

Ҳар чаҳ бошад бошам он доим ба ӯ

Дар вуҷӯд ва дар адам ҳар шайъ буд

Бешаккӣ мавҷӯд бошад аз вуҷӯд

Ҳар камолӣ кон шавад мулҳақ ба мо

Назд мо ҷӯад вуҷӯдаст аз худо

Зот ӯ дорад камолии худ ба худ

Зу камолат бошад ар дорӣ ба худ

Як вуҷӯд ва сад ҳазорон мартаба

Подшоҳӣу фаровони мартаба

Эътиборӣ ваон маротибро тамом

Нек дарёб ин латифау ассалом