Айни мо аз ҳуби зотӣ файз ёфт

Лоҷарам аз илми сӯй айн ёфт

Айни аввали сӯрат аллоҳ шуд

зи офтоби ҳазраташ чун моҳ шуд

Исми аъзами ҷомеъи зоту сифот

Рӯҳи аъзами подшоҳи коинот

Ақли кули рӯҳи Муҳамади хўонмш

Сӯрати он айн аввал донамаш

Айни аввали айни инсонӣ буд

Маҷмаъи алтофи султонӣ буд

Дар ду олам ҳарчӣ ҳаст аз ҷузву кул

Бошад аз зоту сифоти ақли кул

Рӯҳ куллӣ бошаду лавҳу қазо

Ҳаст ҷзўёт ӯ арвоҳи мо

Ақл куласт ӯ дигарҳо бадан

Сари ин нукта равон бишинав зи ман

Ақли кул сӯрат набандад бе сифот

Ҳам сифати қоим буд аммо ба зот

Зини се нуқтаи як алиф гашта аён

Аввали қуръон буд некаш бихон

Нуқтаи асл ӯ ва ӯ асли ҳуруф

Хуш буд бар асл агар ёбии вуқуф

Эътибории дон ба назд мо сифот

Гарчи бошад дар ҳақиқати айни зот

Дар ҳақиқати он алифи як нуқтаи ист

Нек дарёбаш ки некӯи нуктаи ист