Ҳар нафаси ҷомӣ ба риндӣ ме диҳанд
Ҳар дамии базмӣ ба ҷоӣӣ ме ниҳанд
Рози пинҳон ошкоро гуфта анд
Ҷумлаи асрор бо мо гуфта анд
Як вуҷӯд ва сад ҳазорон оина
Май намояди он яке ҳар оина
Ганҷи асмо дар ҳамаи олами нигар
Исми ҷомеъ боядат одами нигар
Орифонаи қатрае дарё бибин
Қатрау дарёи ҳама аз мо бибин
Айни дарё дидаам дар қатра Эй
Офтобӣ ёфтам дар зарра Эй
эй аҷаби дарёу қатраи айни мост
Ғайри мо худ қатра ва дарё куҷост
Исму расми мо ҳиҷоби мо буд
Сӯрати мо қатрау дарё буд
Ҷомӣ аз май пари з май хуш нӯш кун
Бо ҳарифони даст дар оғӯш кун
Аз дўӣӣ бигузар ки то ёбии яке
Он яке ҷӯ то биёбӣ бишкӣ
Ҷом ва май ойина гетӣ намост
Соқии мо мазҳар лутф худост
Соқӣу ҷом майу ринду ҳариф
Он латифаст он латифаст он латиф
Неъмати аллоҳ Сайидасту бандаи ҳам
Боди боқӣ то абади пояндаи ҳам