Аз тааюни исми аъзам рӯ намӯд

Дар ҳақиқати он тааюни исм буд

Бетааюн на нишону номи ҳам

Бетааюн на майасту ҷоми ҳам

Ваҳдати дониш тааюн гуфта анд

Дар ин маънӣ ба ҳикмат суфта анд

Як тааюни аслу боқии фаръ ӯ

Он тааюн дар ҳама бингар накӯ

Он тааюни мубдиъу марҷаъ буд

Як ҳақиқати манбау мأўо буд

Ҷумлаи ашё зилолот вайанд

Бе тааюни ҷумла аъён вайанд

Ҳар тааюни зи он тааюн ҳосил аст

Бо ҳамаи он як тааюн восил аст

Он тааюни ҳамчуи хам май ба ҷӯш

Аз ҳамаи ҷомии тааюни бодаи нӯш

Аз сифати бартар буд тазкияи зот

Аз вуҷӯд ӯст асмоءу сифот

Асли маҷмӯи брозхи хўонмш

Барзахи баҳр азал ме донамаш

Дарраи Байзои азин дарёии мост

Ҳазрати яктоӣ бе ҳамтои мост

Нафаси кул аз ақл кул омад падед

Ҷузву кул аз ҷом мл омад падед

Баъд аз ин олами мисол мутлақ аст

Ин сухан назд муҳаққиқ бар ҳақ аст

Онгаҳе бошад шаҳодат ҳарчӣ ҳаст

Хоҳ махмурасту хоҳии ринди маст

Ҷом ва месоқяш мехонем мо

Фозил ва боқиш медонем мо