Гар биёбӣ орифии соҳибдилӣ

Хизмат ӯ кун ки гардии мқблӣ

Хизмат соҳибдилон мекун ба ҷон

То биёбӣ мансаби аҳли дилон

Хизмати ин тайифа мардона кун

Ҷони фидои хизмат ҷонона кун

Сари буна бар пои мардони худо

То чу мо сарвари шӯй дар ду саро

Тарки ин ?дане куну уқбои бимон

То фидоӣ ту шавад ҳам ин ва он

Ғайри маҳбӯб аз дили худ давр кун

Бигузар аз зулмати ҳавоӣ нур кун

Баъд аз он бигузар зи нур эй нури чашм

То бибинӣ нур ӯ манзури чашм

Чист олам назд ёрони соя аш

Сояро мон ва бибин ҳамсоя аш

Дар назари ойинаи гетии намо

Май намояди нури чашми мо ба мо

ӯ якеу эътибораши сад ҳазор

зи эиътибороти он яке шуд сад ҳазор

Дар сад ойинаи яке пайдо шуда

Он яке бо ҳар яке пайдо шуда

ӯ якеу эътибороташи басӣ

Нек дарёб ва магӯ бо ҳар касе