Офтобӣ дар қамари пайдо шуда

Фитнаи даври қамар дар во шуда

Чист олами сӯрати асмоӣ ӯ

Сӯрату маънӣ ба ҳам бошад накӯ

Исм ӯ зоту сифот ӯ буд

Ном ӯ як назд мо он ду буд

Маънии исму мсмии бози ҷӯ

Орифиро гар биёбӣ рози гӯ

Офтобӣ рӯ намӯда маи лақо

Бингар ин ойинаи гетии намо

Заррае бенур ӯ байнем , не

Як нафас бо ғайр биншинем , не

Илм завқаст эй бародар гӯш кун

Ҷом май шодии риндон нӯш кун