Орифи рози ҳазрати маърӯф
Чун сиррии сар ӯ ба ӯ макшуф
Гуфт сӣ сол шуд ки то бо ёр
намекунам гуфтугӯи дарин бозор
Ман ба ӯ гуфтаам сухан ба худо
Хоҷа гуяд сухан кунад бо мо
Сухани мо ҳама буд бо дӯст
Ки самиъу басир ва доно ӯст
Ҳар ки ин самъ ва ин басар дорад
Суханами сар ба сар зибр дорад
Боязиди он эй раббонӣ
Булбули гулистони субҳонӣ
Буд шаҳбози ошиёнаи мо
Маҳв дар баҳри бекаронаи мо
Гуфт султони сӯрати маънӣ
Бо ту гӯям ки кист он яъне
Боязидаст боязиди яқин
Дар миён нест ин аҷоиби байн
Аз яқини дўӣӣ падед омад
Номи як айн боязид омад
Муждагонӣ ки боязид намонад
Майл ӯ бо язид ҳеҷ намонад
Гар ту фонии шӯии бақои ёбӣ
Худ аз ин бе худии худои ёбӣ
Ту з ҳастӣ ва нестӣ бигузар
Шояд ӣнҷо ноистӣ бигузар
Соя ӯст ҳастят эй дӯст
Бигузар аз соя ҳар чаҳ ҳастӣ ӯст