Сифату зоти байну исми нигар
Ганҷу ганҷинау тилисми нигар
Дар чунин баҳри бекарона дар о
Назарӣ кун ба айни мо дар мо
Ҷомии гетии намо ба даст овар
Мазҳари ҳазрат худо бингар
Нуқтаи асл гарчи мо доне
Ҳафт ҳайкал ба завқ бархонӣ
Оинаи сад ҳазор май шимурд
Дар ҳамаи оина яке нигарад
Хоҳ танҳоу хоҳ нотанҳо
Гар буд бо худо буд ҳамаи ҷо
Гӯшаи чашми сӯй ӯ дорад
Нақш ӯ дар хаёл бинагорад
Дар гулистон агар гулӣ чӣанд
Шишаи пари гулобро бинад
Гар хирадро фурушади он оқил
Нашавад аз худои худ ғофил
Ҷузву кулро боътбор сипор
Коътбористи ҷузву кул эй ёр
Ҷузи худоро аҳад наме гўӣим
Аз аҳади ҷузи худо наме ҷўӣим
Дар ду ойина рӯ намӯд он як
Ду намояди яке буд бе шак
Ғарқ обанд олимӣ чу ҳубоб
Зоҳираш соғарасту ботини об
Соя ӯ ба мо чу пайдо шуд
Аз ман ва ту дўӣӣ ҳувайдо шуд
Аслу фаръӣ ба ҳамдигар пайваст
Ҳаст пайванди мо ба ӯ пайваст
Сухани орифон аз ӯ бошад
Лоҷарами қавлашон накӯ бошад
ӯ ба ӯ дида мешавад эй дӯст
Назарӣ гар кунӣ чунин некӯаст
Нури рӯйиш ба чашм мо бинмуд
Чун бидидем нур ӯ , ӯ буд
Аҳадии омадаи камари баста
Мем Аҳмад ба тахт бинишаста