Авлои тавҳиди куллӣ он ӯст

Кули куллиёт дар фармон ӯст

Онгаҳе иблоғ ҷомеъ ёфта

Дар ҳамаи маснӯъ сонеъ ёфта

Куни ҷомеъи мазҳари зоти сифот

Сояи ҳақи офтоби коинот

Ваҷҳе аз имкону ваҷҳе аз вуҷуб

Дар шаҳодат омад азғиби алғиўб

Сӯрату маънӣ ба ҳам ороста

Зоҳиру ботин ба ҳам пероста

Ҷамъ карда халқ ва бо худ ҳамдигар

Ҳамчуи нурӣ май намояд дар назар

Ҳафт дарёи қатрае аз ҷом ӯ

Рӯҳи қудсии ринди дарди ошом ӯ

Чист олам бевуҷӯд ӯ адам

намедиҳад ҷўдши вуҷӯдии дам ба дам

Бандаи аўӣим ва ӯ султони мо

Ҷисму ҷони моӣим ва ӯ ҷонони мо

Сарвари маҷмӯи риндони мейри мост

Ин чунин соқии мастии пери мост

Офтобаст ӯ вале номаши қамар

Офтобӣ дар қамари хуш май нигар

Нур ӯ дар чашми мо зоҳир шуда

Омадаи манзури мо нозир шуда