Чашми аҳли муроқибат бояд

Ки назарро ба ғайр накушояд

Оинаи садҳазор агар шимурд

Дар ҳамаи оина яке нигарад

Хоҳ танҳоу хоҳ бо танҳо

Чун буд бо худо буд ҳамаи ҷо

Гӯшаи чашми сӯй ӯ дорад

Нақш ӯ дар хаёл бинагорад

Дар гулистон агар гулӣ чӣанд

Шишаи пари гулобро бинад

Гар хирадро фурушади он оқил

Нашавад аз худои худ ғофил

Сояу офтоб бар ман ва ту

Хати мавҳум май намояди ду

Хати мавҳум агар барандозӣ

Хона аз ғайр ӯ ба пардозӣ

Ҳамаи ҷои офтоб тобон аст

Назарӣ кун бибин ки ин он аст