Ганҷи исми аъзам аз зоту сифот
Ошкоро карда андари коинот
Ҳар куҷо кунҷӣаст ганҷӣ дар вай аст
Кунҷ ҳар вайрона беганҷӣ кӣ аст
Маънӣ ӯ ганҷу сӯрат чун тилисм
Дар чунин ганҷӣ буд он ганҷи исм
Ҷом мебошад ҳубобии пари зи об
Нӯш кун ҷомӣ ки дарёбӣ шароб
Нусха асмо биҷӯ як як бихон
Ваҳдати исму мсморо бидон
Бе ман ва ту , ман туам ту ҳам манӣ
Вари ту ман гўӣӣ ва ту бошад манӣ
Дар маротиби он яке бошад ҳазор
Дар ҳазорон он якеро май шумор
Он яке дар ҳар яке пайдо шуда
Қатраи қатраи омадаи дарё шуда
Исми аъзами ганҷу асмо чун тилисм
Неъмати аллоҳро биҷӯ дарёб исм
Офтобиро бибин дар зарра Эй
Айни дарёро нигар дар қатра Эй